Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба куштори сарбозони Покистон расидагӣ сурат мегирад


Низомиёни Амрико генерали нируҳои ҳавоӣ Стефан Кларкро раиси кумиссиюне таин карданд, ки бояд ба ҳамлаи ҳавоии нируҳои НАТО ба сарбозони покистонӣ расидагӣ анҷом диҳад. Ин ҳамла дар минтақаи қабиланишни назидикии марз бо Афғонистон сурат гирифтааст ва дар он 24 сарбози покистонӣ кушта шуданд. Генерал Кларк дар фармондеҳии амалиёти вижаи нируҳои ҳавоӣ хидмат мекунад. Вай акнун ҳамзамон раҳбарии кумиссиюнро низ бар ӯҳда хоҳад дошт. Як намояндаи паймони НАТО гуфт, мақомоти расмии Афғонистону Покистон низ метавонанд дар кори ин кумиссиюн ширкат кунанд. Рӯзи душанбе Барак Обама дар Кохи Сафед куштори сарбозони покистониро “фоҷеа” номид.
XS
SM
MD
LG