Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ягона духтари Сталин дар Амрико дар 85-солагӣ даргузашт


Ягона духтари Иосиф Сталин-диктатори Шӯравӣ дар Амрико даргузашт. Мақомоти расмии аёлати Висконсини Амрико гуфтанд, Лана Петерс-духтари Сталин дар сини 85 солагӣ аз бемории саратони кӯррӯда як ҳафта пеш 22 ноябр ҷон додааст. Лана ё Светлана Сталина соли 1967 дар солҳои ҷанги сард дар Амрико паноҳанда шуд ва аз падар ва низоми кумунистии Шӯравӣ интиқод кард. Вай дар бораи хотироти худ ду китоб навишт. Ин китобҳо аз ҷумлаи пурфурӯштарин китобҳо буданд ва аз даромади он Светлана ба зани сарватманд табдил ёфт. Баъд аз марги падараш дар соли 1953 вай фамилияи модари худ Аллилуеваро гирифт. Дар соли 1970 бо Виллям Петерс издивоҷ кард. Вай баъдтар се бори дигар издивоҷ кард ва аз ин издивоҷҳо се фарзанд дорад. Соли 1984 ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргашт, вале баъд аз як соли иқомат дубора ба Амрико рафт.
XS
SM
MD
LG