Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар Миср давом дорад


Баъд аз нооромиҳои моҳи феврали соли ҷорӣ дар Миср, ки бо сарнагунии президент Ҳуснӣ Муборак ба поён расид, рӯзи якшанбе дар нахустин интихоботи баъд аз Ҳуснӣ Муборак шумораи зиёди интихобкунандагон дар райдиҳӣ ширкат карданд. Райдиҳӣ аслан дар фазои сулҳомез сурат гирифт. Ин райдиҳӣ оғози интихобот барои маҷлиси поёнии порламони Миср аст ва он дар се марҳила анҷом мегирад. Ин райдиҳӣ дар Қоҳираву Искандария ва шаҳрҳову минтақаҳои дигар то моҳи январ давом мекунад. Интизор меравад, ки Ҳизби Ихвон-ул-Муслимин натиҷаҳои хуб ба даст орад. Баъд аз моҳи январ интихобкунандагон дубора пои сандуқҳои рай мераванд ва барои маҷлиси болоии порламон рай медиҳанд ва он то охири моҳи март давом хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG