Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуркунандагони қирғиз раҳоии Аскаровро намехоҳанд


Азмҷон Аскаров

Азмҷон Аскаров

Дар Бозорқурғони Қирғизистон даҳҳо нафар раҳпаймоӣ анҷом доданд ва тақозо карданд, ки шаҳрванди узбактабори Қирғизистон ва фаъоли ҳуқуқи башар аз зиндон раҳо нашавад. Тазоҳуркунандгон роҳи мошинрави Бишкек-Ӯшро чанд соат бастанд ва гуфтанд, ки ҳукми додгоҳи Азимҷон Аскаров бояд тағир наёбад. Аскаров барои ташкили даргириҳои қавмӣ моҳи сентябри соли гузашта боздошт ва ба ҳабси абад маҳкум шуд. Вай барои таҳрики даргириҳои қавмӣ ва куштори як корманди полис дар моҳи июни соли 2010 муттаҳам дониста мешавад. Созмонҳои дохилӣ ва байналмиллалии ҳуқуқи башар аз мурофиаи додгоҳии Аскаров ва ҳукми абади вай интиқод карданд. Имрӯз бино ба шикояти вай дар додгоҳ бори дигар ба парвандаи вай расидагӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG