Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии бӯҳрони молии Аврупо дар Кохи Сафеди Вошингтон


Ҳерман Ван Ромпу, Барак Обама ва Хосе Мануэл Бароссо

Ҳерман Ван Ромпу, Барак Обама ва Хосе Мануэл Бароссо

Президент Барак Обама дар Кохи Сафеди Вошингтон бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар бораи бӯҳрони қарзи қаламрави истифодаи пули евро музокира анҷом дод. Баъд аз музокира бо Ҳерман Ван Ромпу-раиси Шӯрои Аврупо ва Хосе Мануэл Бароссо-раиси кумиссиюни Аврупо Обама гуфт, Амрико омода аст дар ҳали ин “бӯҳрон саҳми худро гузорад”. Ван Ромпу изҳор дошт, ки кундии рушди сайёра танҳо тақсири Иттиҳодияи Аврупо нест, балки кишварҳои дигар низ бояд кор кунанд. Дар эъломияи муштарак ҳар ду ҷониб қавл доданд, ки барои рушди иқтисод, иҷоди ҷойҳои корӣ ва таъмини суботи молӣ як ҷо кор мекунанд. Давлати Барак Обама аз Бруссел интиқод кард, ки ба бӯҳрони пешомада дер вокуниш нишон дод. Вале Бруссел ин интиқодро қабул накард ва мегӯяд, ки Амрико низ душвориҳои иқтисодии худро дорад.
XS
SM
MD
LG