Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мегӯяд, мусодираи мухаддирот афзоиш ёфтааст


Ожонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, мусодираи маводи мухаддири ғайриқонунӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,6 дарсад афзоиш ёфтааст. Бино ба гузориши ин ожонсӣ, дар 10 моҳ бештар аз 3 900 кило маводи мухаддир боздошт шудааст, ки 500 килои онро ҳероин ташкил медиҳад. Тоҷикистон бо Афғонистон 1 344 километр марзи муштарак дорад. Дафтари маводи мухаддир ва ҷурму ҷиноёти СММ мегӯяд, танҳо даҳ дарсади маводе, ки аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол меёбад, аз тарафи нируҳои интизомии ин кишварҳо боздошт ё мусодира мешавад.
XS
SM
MD
LG