Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷияни Ислом Каримов аз шифохонаи бемориҳои равонӣ раҳо шуд


Ҷамшед Каримов

Ҷамшед Каримов

Ҷамшед Каримов-ҷияни Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон аз шифохонаи бемориҳои равонӣ раҳо шуд. Дар солҳои Шӯравӣ ин гуна шифохонаҳо дар байни мардум бо номи “девонахона” машҳур буд. Ҷамшед Каримов рӯзноманигори мустақил аст ва барои пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ ва сомонаи Uznews.net кор мекард. Вале моҳи сентябри соли 2006 боздошт шуд ва вайро барои 6 моҳ ба шифохонаи бемориҳои равонӣ фиристоданд. Мӯҳлати иқомати вай дар ин шифохона такрор ба такрор тамдид мешуд. Вале моҳи октябри соли ҷорӣ қабл аз боздиди Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико аз Узбакистон дастури раҳоии Ҷамшедро содир карданд. Бино ба гузоришҳо, ҳоло Ҷамшед бо хонаводааш дар шаҳри Ҷиззах ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG