Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли мухолифи белорус дар таҳқири полис айбдор мешавад


Серҳей Каваленко
Серҳей Каваленко
Як фаъоли мухолифини Белорус дар таҳқири корманди полис айбдор шуд ва ҳафтаи оянда бояд дар додгоҳ ҳозир шавад.

Ба иттилои бахши белорусии Радиои Озодӣ, Серҳей Каваленко, узви Ҷабҳаи мардумии Белорус дар шаҳри Витебск моҳи январи соли гузашта барои барафрохтани парчами мамнӯъшудаи миллӣ ба се соли маҳдудияти озодӣ маҳкум шуда буд. Бар пояи ин ҳукм ӯ бояд ҳар рӯзи панҷшанбе дар шӯъбаи полис ҳозир шавад ва аз соати нӯҳи шом то шаши субҳ аз манзилаш берун наравад.

Алена, хонуми Каваленко, гуфт, ки рӯзи панҷшанбе, 24 ноябр, мақомоти полис ба шавҳараш гуфтанд, ки аз ин баъд ӯ бояд пас аз соати ҳафтуними шом дар манзил бимонад. Каваленко ин тасмимро бидуни далел номид ва бо кормандони полис вориди таниши лафзӣ шуд.

Ҳамон рӯз чанд корманди полиси шаҳри Витебск Каваленкоро аз манзилаш ба шӯъбаи полиси Первомай бурданд ва гуфтанд, ки ӯ дар таҳқиру ҳақорати полис айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG