Пайвандҳои дастрасӣ

Димишқ кишварҳои арабро дар эълони ҷанги иқтисодӣ айбдор кард


Валид ал-Муаллим

Валид ал-Муаллим

Димишқ Лигаи кишварҳои арабро дар он айбдор намуд, ки дар роҳи талошҳо барои хатми хунрезӣ дар Сурия монеъа эҷод мекунад.

Валид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, тасмими ахири Лигаи кишварҳои араб барои эъмоли таҳримҳо болои Димишқро «эълони ҷанги иқтисод алайҳи Сурия» номид.

Имрӯз Нобил Ал-Арабӣ, Дабири куллии Лигаи кишварҳои араб, дар бораи аз сӯи ин иттиҳодия ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Сурия хабар дод ва афзуд, ки "тасмими ҷорӣ кардани таҳримҳо ниҳоист ва то замони аз сӯи режими Асад қатъ шудани хушунат идома хоҳад кард". Ба гуфтаи ӯ, "баъди ин тасмим ба Сурия як ҳайат фиристода мешавад то чӣ гуна аз сӯи мақомоти ин кишвар иҷро шудани талабоҳи Лига – қатъи саркӯбсозии мухолифин, раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва хуруҷи нерӯҳои низомӣ аз шаҳрҳои Сурияро назорат кунад".

Баъди хабари тасмими эъмоли таҳримҳо аз сӯи Лигаи кишварҳои араб ҳазорон ҷонибдорони Башор Асад ба хиёбонҳои Димишқ рехта алайҳи ин тасмим эътироз карданд.

Лубнон ва Ироқ, ки бо Сурия робитаҳои наздики тиҷоратӣ доранд, дар бораи қабул надоштани таҳримҳои Лигаи кишварҳои араб изҳорот нашр карданд.

Аз ин пеш Ален Жюппе, вазири умури хориҷии Фаронса, изҳор намуд, ки то суқути режими Башор Асад дар Сурия рӯзҳои башумор мондааст, зеро ба гуфтаи ӯ, Димишқ дар инзивои байнулмилалӣ қарор гирифтааст.

Қаблан Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ҳам алайҳи ҳукумати Сурия таҳримҳо ҷорӣ карда буданд.

Эътирозҳо бо талаби истеъфои Башор Асад дар Сурия аз моҳи март ба ин сӯ идома доранд. Бар асари саркӯбсозии ин эътирозҳо тақрибан севу ним ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG