Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни ҳамла дар шаҳри Тоҷӣ афзоиш ёфт


Миёни маҳбусони зиндони Тоҷӣ мусаллаҳони "Ал-Қоида" низ ҳастанд

Миёни маҳбусони зиндони Тоҷӣ мусаллаҳони "Ал-Қоида" низ ҳастанд

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Тоҷии Ироқ ба 19 нафар расид. Дар ин ҳодиса 24 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Субҳи имрӯз як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори бинои маҳбаси шаҳр тарконид. Миёни қурбониёни ҳамла – кормандони полис ва муҳофизони маҳбас низ ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, таркиш бо талоши фирори маҳбусон аз маҳбас бастагӣ дорад. Дар ин зиндон чанд тан аз мусаллаҳони “Ал-Қоида” ҳам нигаҳ дошта мешаванд.

Таркиш дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки кормандон ва муҳофизони маҳбас ба кор меомаданд.

Шаҳри Тоҷӣ дар 25 километрии шимоли Бағдод ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG