Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои имтиёздори ҳукумат мушкили бекориро ҳал мекунад?


Даҳҳо афроди синну соли гуногун ҳамарӯза ба хотири пайдо кардани корҳои кироя, ба мисли побел кардани замину тармими хона, дар канори бозорҳои бузургу марказҳои тиҷоратии пойтахт ҷамъ меоянд.

Ин мардуми корҷӯйро ҳатто дар сардии зимистону гармои тоқатфарсои тобистон ҳам дидан мумкин аст.

Вақте мо ба бозори "Шоҳмансур"-и шаҳри Душанбе рафтем, як гурӯҳ аз мардуми корҷӯ мунтазири омадани афроде нишаста буданд, ки барояшон кор бидиҳанд. Онҳо ба назди ҳар худраве, ки аз паҳлуяшон мегузашт, низ давида ва аз ронанда талаби кор мекарданд.

Ин афроди бекор дар ҳоле шабу рӯзи худро ба умеди дарёфти корҳои кироя пушти сар мекунанд, ки давлати Тоҷикистон барои ҳимоят аз онҳо чаҳор миллион сомонӣ ихтисос додааст. Оҷонси кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ин маблағ ҳамчун қарзҳои боимтиёз ё бефоиз ба муддати аз як то якуним сол барои ташкили ягон тиҷорат барои афроди бекор дода хоҳад шуд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00
Линки мустақим


Ниёз Қурбонов, як масъули Оҷонси кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гуфт, “онҳо бо ин пул ба соҳибкории хурду миёна машғул шуда, шароити зиндагии худу хонаводаашонро то андозае беҳтар мекунанд. Ва ин қарзҳо ба нафароне дода мешавад, ки расман дар Вазорати шуғли аҳолӣ ҳамчун бекор сабти ном шудаанд.”


Аммо бештари афроди бекор дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, бо вуҷуди он ки дар идораҳои шуғли аҳолии маҳалли зисташон ҳамчун афроди бекор сабти ном шудаанд, вале то ҳанӯз аз ин барномаи ҳукуматӣ хабар надоранд.

Яке аз ин афроди корҷӯ гуфт, “Муҳаммадӣ ном дорам ва аз Кулоб барои ёфтани кор ба шаҳри Душанбе омадам. Манзилҳоро таъмир мекунем. Вале бори аввал аз Шумо мефаҳмам, ки Вазорати кор қарзҳои бефоиз медиҳад.”

Александр, корҷӯи дигар, ки аз ноҳияи Сарбанд будааст, вазъи худро ин гуна баён кард: “Маро ба наздикӣ аз Русия депортатсия карданд. Дар ҳамон Идораи муҳоҷирати ноҳияамон ҳамчун бекор сабти ном намуданд. Лекин ягон хел кӯмак накарданд. Ин ҳарфҳо, ки гӯиё ба бекорон пул медиҳанд, қарз медиҳанд, асос надорад.”

Фирӯз Саидов
Фирӯз Саидов
Коршиносони умури иқтисод ҳам таъсири ин гуна барномаҳои ҳукуматиро барои мардуми бекори кишвар бисёр ночиз медонанд. Онҳо баъид медонанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳукумати кишвар тавони бо кор таъмин кардани афроди бекорро дар дохили кишвар дошта бошад, куҷо расад ба муҳоҷироне, ки ба дунболи мушкилоти пешомада аз Русия ба ватан бармегарданд.

Фирӯз Саидов, коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, “ин қарзҳо агарчӣ бефоизанду имтиёзноканд, лекин мушкили мардуми бекорро наметавонанд ҳал бикунанд. Чунки ин маблағҳо чандон зиёд нестанд ва бо онҳо намешавад ягон кори ҷиддиро, бигузор ҳамон соҳибкориро, ба роҳ монанд. Ба назари ман, бояд нерӯи мардуми бекор, масалан дар вилояти Хатлонро, ки дар он ҷо садҳо гектар заминҳои обӣ бекор хобидаанд, ба соҳаи кишоварзӣ ҷалб кунем. Ҳам зиндагиашон хуб мешавад ва ҳам соҳаи кишварзӣ пеш меравад.”

Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 40 ҳазор мардуми бекор номнавис шудааст. Аммо омори ғайрирасмӣ теъдоди бештари бекорон дар Тоҷикистонро бозгӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG