Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳибони дӯконҳои фурӯши фитта дар Кӯлоб аз масъулияти нави Хадамоти оташнишонӣ дар шигифт мондаанд.

Ин хадамот, ки маъмулан дар мавридҳои сухтор бо садои ваҳмнок ба истилоҳ "кулобро ба сараш мебардорад", акнун бесадо ва ногаҳонӣ ба фиттафурушиҳо ворид мешавад ва кори онҳоро тафтиш мекунад. Аммо ҳадафи кормандони хадамот на санҷиши ноқилу барқу васоили оташкушӣ, балки фиттаҳои мамнӯъ будааст.


Назар, як тан аз фиттафурӯшон мегӯяд, то кунун муҳтавои фиттаҳои онҳоро намояндагони Кумитаи дин ва кормандони милиса аз назар мегузаронид, вале ҳоло ба рӯйхати санҷишгарон як ниҳоди дигаре зам гаштааст.

Ин фурӯшанда мегӯяд, «ҳар рӯз тафтиш аст ва ҳар ниҳоде хоҳад худро санҷишгар мегирад. Лекин ҳайратовар ҳамин аст, ки рӯзҳои охир оташнишонҳо ҳам моро месанҷанд. Баъзан вақт ҳамон филмҳои каме дигархелтарро филми порнографӣ гуфта мегиранд ва ҷарима мекунанд. Ба ин хел санҷишҳо кор ҳам баракат надорад.»

Санҷиши муҳтавои фиттаҳо дар Кӯлоб аз ҷониби Хадамоти оташнишониро масъулини ин ниҳод низ тасдиқ мекунанд. Саидмуддасир Раҳматов, нозири шӯъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ахиран фиттаҳои дорои муҳтавои шавҳонӣ ва таблиғи тундгароӣ афзоиш ёфтааст. Аз ин рӯ, бо фармони вижаи Вазири корҳои дохилии кишвар, онҳо низ ба ҷамъоварии чунин наворҳо машғуланд.

Аз ҷумла, ба қавли Раҳматов, тайи як моҳи ахир онҳо 29 номгӯи фиттаҳои дорои мазмуни шавҳонӣ ва таблиғи тундгароӣ мусодира кардаанд: «Дар чанд рӯзи охир аз 4 нафар фиттафурӯш 29 фиттаи дорои муҳтавои шавҳонӣ мусодира кардем ва онҳоро ҷарима намудем. Супориш гирифтаем, то фиттаҳои мазмуни тундгароӣ ва шавҳонидоштаро ҷамъоварӣ кунем.»

Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии саршиноси тоҷик

Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии саршиноси тоҷик

Дӯконҳои фурӯши фитта аз серхаридортарин дӯконҳо маҳсуб меёбанд. Ба гуфтаи масъулин, фиттаҳои дорои мазмуни шавҳонӣ ва тундагроиро гурӯҳҳои хосае паҳн мекунанд.

Соле пеш аз ҳама серхаридор фиттаҳои мавъизаи рӯҳонии маҳаллӣ Ҳоҷӣ Мирзо буд, ки ҳоло дигар дар фурӯш нестанд.

Аммо худи Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дар як сӯҳбати қаблӣ гуфта буд, дар паҳн ва фурӯши фиттаҳояш даст надошт ва аз онҳо ҳеҷ манфиате намедид: «Ҳоҷӣ Мирзо студия надорад. Ин корро ҳамон ҷавонакҳои хайроҳ мекунанд. Ман аз онҳо ҳеҷ чиз ҳам талаб намекунам, зеро суханамро намефурӯшам. Онҳо худашон чӣ гуна сабт мекунанд ва чӣ гуна мефӯрушанд, коре надорам.»

Ба назар мерасад, аз болои дӯконҳои фиттафурӯшӣ, ки аз ҳисоби савдои филмҳои туркии серхаридор даромади хуб доранд, назорат ҷиддитар шудааст.

Саъдӣ Назарзода

Саъдӣ Назарзода

Аммо бархе коршиносон мегӯянд, бо пайдо шудани интернет ва антенаҳои моҳвораӣ, ҷамъоварии чунин фиттаҳо чизеро тағйир намедиҳад.

Саъдӣ Назарзода, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд: «Ҳоло дигар ҳама дар хона антенаҳои моҳвораӣ доранд. Маълум аст, ки дар ин каналҳо ҳар чизе хоҳӣ, бо кадом мазмуне пайдо мекунӣ. Интернет ҳам дастрас аст ва танҳо бо як поиск додан ҳама чиз пеши назарат пайдо мегардад. Бояд роҳҳои дигари маънавиро пайдо кард, ки ахлоқро боло барад.»

Аммо масъулини Хадамоти оташнишонӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо умед доранд, ки пеши роҳи паҳншавии чунин фиттаҳоро дар ҳамкории муштарак хоҳанд гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG