Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ал-Арабӣ: Таҳримҳо то хатми хушунат дар Сурия идома мекунанд


Нобил ал-Арабӣ

Нобил ал-Арабӣ

Нобил ал-Арабӣ, Дабири куллии Лигаи кишварҳои араб, хабари аз сӯи ин иттиҳодия ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Сурияро тайид кард.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Қоҳира ӯ афзуд, ки "тасмими ҷорӣ кардани таҳримҳо ниҳоист ва то замони аз сӯи режими Асад қатъ шудани хушунат идома хоҳад кард. Баъди ин тасмим ба Сурия як ҳайат фиристода мешавад, то чӣ гуна аз сӯи мақомоти ин кишвар иҷро шудани талабоҳи Лига – қатъи саркӯбсозии мухолифин, раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва хуруҷи нерӯҳои низомӣ аз шаҳрҳои Сурияро назорат кунад".

Баъди хабари тасмими эъмоли таҳримҳо аз сӯи Лигаи кишварҳои араб ҳазорон ҷонибдорони Башор Асад ба хиёбонҳои Димишқ рехта алайҳи ин тасмим эътироз карданд.

Ален Жюппе, вазири умури хориҷии Фаронса, баъд аз эълони таҳримҳои Лигаи кишварҳои араб алайҳи Сурия изҳор намуд, ки то суқути режими Башор Асад дар Сурия рӯзҳои башумор мондааст. Ба гуфтаи ӯ, Димишқ дар инзивои байнулмилалӣ қарор дорад. Аз ин пештар Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ҳам алайҳи ҳукумати Сурия таҳримҳо ҷорӣ карда буданд.

Эътирозҳо дар Сурия аз моҳи март ба ин сӯ идома доранд. Бар асари саркӯбсозии ин эътирозҳо тақрибан севу ним ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Бархе аз низомиёни суриягӣ бо тазоҳургарон пайвастанд. Мақомоти Сурия дар ташкили бенизомиҳо террористони мусаллаҳро айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG