Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жюппе: То суқути режими Асад рӯзҳои башумор мондааст


Ален Жюппе
Ален Жюппе
Ален Жюппе, вазири умури хориҷии Фаронса, изҳор намуд, ки то суқути режими Башор Асад дар Сурия рӯзҳои башумор мондааст.

Ин изҳорот баъд аз эълони таҳримҳои Лигаи кишварҳои араб алайҳи Сурия нашр шуд. Ба гуфтаи Жюппе, Димишқ дар инзивои байнулмилалӣ қарор дорад. Аз ин пештар Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ҳам алайҳи ҳукумати Сурия таҳримҳо ҷорӣ карда буданд. Димишқ кишварҳои ғарбиро дар дахолат ба умури Сурия айбдор мекунад.

Эътирозҳо дар Сурия аз моҳи март ба ин сӯ идома доранд. Бар асари саркӯбсозии ин эътирозҳо тақрибан севу ним ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Бархе аз низомиёни суриягӣ бо тазоҳургарон пайвастанд.

Мақомоти Сурия мегӯянд, ки дар ташкили бенизомиҳо террористони мусаллаҳ даст доранд.
XS
SM
MD
LG