Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси КМИ-и Осетияи ҷанубӣ ҳадафи фишор қарор гирифт


Белла Плиева

Белла Плиева

Кормандони Комиссиюни марказии интихоботии Осетияи ҷанубӣ аз фишори бесобиқа болои раиси ин ниҳод Белла Плиева хабар доданд. Онҳо ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ба ҷони хонум Плиева хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад.

Раиси Комиссиюни марказии интихоботии ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ имрӯз хабар дод, ки нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Осетияи ҷанубӣ қонуншиканиҳои ҷиддиро сабт накардаанд.

Бар пояи иттилои ахир, дар даври дуввуми интихоботи раҳбари Осетияи ҷанубӣ номзад Алла Ҷиоева пешсаф аст – тақрибан 56 дар сади раъйдиҳандагон аз ӯ пуштибонӣ кардаанд. Алла Ҷиоева имрӯз аз рақибаш Анатолий Бабилов даъват кард, ки бохти худро эътироф кунад.

Ва аммо Додгоҳи олии Осетияи ҷанубӣ нашри иттилои мақаддамотӣ дар бораи натоиҷи раъйдиҳиро манъ кард. Ин тасмим бо шикояти ҳизби ҳокими “Единство” дар бораи қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳӣ марбут карда шудааст.
XS
SM
MD
LG