Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои нигаҳбони Эрон қарори Маҷлисро пазируфт


Маҷлиси Эрон

Шӯрои нигаҳбон - ниҳоди олии назорати қавонини Эрон имрӯз қарори Маҷлиси кишвар дар бораи пойин бурдани сатҳи робитаҳои дипломатӣ бо Бритониёро пазируфт. Ҳадс зада мешавад, ки ба думболи ин сафири Бритониё аз Эрон ихроҷ хоҳад шуд.

Қарори Маҷлиси Эрон дар бораи пойин бурдани сатҳи робитаҳои дипломатӣ бо Бритониё – вокуниш ба нияти Лондон барои мутаваққиф сохтани ҳама робитаҳо бо бонкҳо ва сохторҳои молиявии Эрон бо далели даст доштани онҳо дар барномаи ҳастаӣ мебошад.

Кишварҳои ғарбӣ Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG