Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократия дар Миср. Аз назария ба амал?


Навбатҳои тӯлонии мардум барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси мардумӣ, як ҷузъи манзараи имрӯзи Миср аст.

Интихобот ба маҷлиси поёнии порлумони Миср нахустин имтиҳони давраи гузариши сиёсӣ дар ин кишвар аз замони суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврал аст. Сипас ҳамин маҷлис ниҳодеро таъсис хоҳад дод, ки бояд ҳанӯз то интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ дар моҳи июн Қонуни нави асосии Мисрро бинависад.

Даври аввали интихобот, ки ҳавзаҳои Қоҳираву Искандарияро низ фаро мегирад, рӯзи 29 ноябр низ идома хоҳад ёфт. Ду давраи дигари ин раъйгирӣ то 11 январ доир шуда, сипас, қарор аст, то моҳи март дар 3 давра вакилони маҷлиси болоии порлумон интихоб шаванд.

Амр Мӯсо, собиқ дабири кулли Лигаи араб ва яке аз номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурии Миср, интихоботи Маҷлис-ал-шаъбро оғози марҳилаи тозае барои ин кишвар номид. Вай гуфт, “ин оғози даврони ҷадиде барои Миср аст: Демократия дар амал - на дар назария, балки дар амал. Мо (бо низомиҳо) ба як тавофуқи хеле муҳиме даст ёфтем, ки тамоми интихоботҳо, бо шумули интихоботи раёсатҷумҳурӣ, бояд то оғози моҳи июл анҷом шаванд.”

Нахустин интихобот пас аз суқути Муборак
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00
Линки мустақим

Бо ин ҳол, бо гузашти 9 моҳ аз ошӯбҳое, ки ба 30 соли ҳукумати Муборак нуқтаи таммат гузошт, шаҳди пирӯзӣ аз коми бисёри мисриҳо алакай рафтаву дар зеҳни онҳо нобоварӣ ба генералҳое, ки ба ҷои Муборак ба қудрат расидаанд, ҳарчӣ бештар боло мегирад. Аммо раиси ин Шӯрои ҳокими муваққати Миср фелдмаршал Ҳусейн Тантовӣ гуфт, порлумони ҷадид бояд аз тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ намояндагӣ кунад.

“Ман ба мардуми бузурги Миср, ба онҳое муроҷиат мекунам, ки соҳибраъй ҳастанд. Ман аз онҳо хоҳиш мекунам, ки бираванд ва раъйи худро бидиҳанд, чунки мо як маҷлиси мутавозинеро мехоҳем, ки аз тамоми гурӯҳҳо намояндагӣ кунад”,-гуфт ӯ.

Дар аҳди Муборак интихоботҳо маъмулан бо тақаллуби фаровон мегузашт ва ҳизби ҳокими миллӣ-демократии Муборак ба таври мукаррар аз касби аксарияти кулли курсиҳои маҷлис табл мезад. Аммо баъди суқути режими ӯ аҳзоби нави сиёсӣ ба майдон омадаанд.

Ҳуррия Иброҳим Саввоф, як интихобкунанда дар Қоҳира гуфт, байни интихоботҳои қаблӣ ва райъгирии кунунӣ фарқ хеле бузург аст: “Ба ин интихобот мардум довталабона меояд. Онҳо аз соати ҳафти субҳ инҷоянд. Аммо дар гузашта фақат мардуме ба интихобот мерафт, ки баргаи раъй дошта бошад. Ва онҳо асосан афроди марбут ба режими қаблӣ буданд. Дар назди дари қитъаҳо посбонҳо буданд, ки мардуми бе баргаи раъйро пеш мекарданд.”

Аз сари субҳ танҳо дар назди дарҳои қитъаи Замолак дар Қоҳира камаш 1000 нафар навбат мепоид, ҷамъ шуда буд. Маҷдӣ, як зани сокини Қоҳира мегӯяд: “Ман ин бор дар инҷоям, чунки ҳис мекунам, ки раъйам арзиш дорад. То ҳол раъйи мо ягон қадр надошт. Ҳоло ҳар кас мехоҳад барои кишвараш коре кунад, чунки кас эҳсос мекунад, ки кори кардааш кишварро ба сӯи демократи воқеӣ пеш хоҳад бурд.”

Ба назари таҳлилгарон, ширкати фаъоли мардум дар раъйгирӣ шояд ба ин маъно талақӣ шавад, ки аксари мардум ба субот дар зери султаи низомиҳо бартарӣ диҳанд, то бар шиорҳои тунди эътирозгарони ҷавон. Шодӣ Ҳамид, раҳбари таҳқиқотии Маркази Брукинг дар Доҳа мегӯяд, мизони поини мушорикати мардум баръакс нобоварии мисриҳо ба имкони тағйироти воқеъӣ тавассути интихоботро ба намоиш мегузорад.

Аҳмад Талъат, яке аз тазоҳургарон дар Искандария гуфт, ӯ ба нишони эътироз ба султаи низомиҳо ҳадафмонда ба интихобот нахоҳад рафт. “Ман шахсан дар интихобот ширкат нахоҳам кард. Ман ба қитъаи раъйдиҳӣ меравам, вале баргаи раъйамро хароб мекунам. Мо дар он менависам, ки: “Нест бод ҳукумати низомӣ” ва ба қуттӣ меандозам”,-мегӯяд ӯ.

Ихвонулмуслимин ва аҳзоби дигари исломӣ аз эътирозҳои ахир алайҳи султаи низомиҳо канора гирифта буданд. Онҳо зоҳиран намехоҳанд, чизе монеи интихобот шавад. Ин маърака метавонад роҳи онҳо ба сӯи қудратро боз кунад. Фурсате, ки дар аҳди Муборак аҳзоби мазҳабӣ аз он маҳрум буданд.

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё интихобкунандагон барои чунин канорагирӣ исломиҳоро ҷазо хоҳанд дод ва ё сохторҳои мураттаби Ихвонулмуслимин боз ҳам қодиранд пирӯзии ҳизби ба тозагӣ таъсисдодааш – Озодӣ ва адолатро бар аҳзобу номзадҳои дар саҳна камтар шинохташударо таъмин кунанд.
XS
SM
MD
LG