Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи нишасти ҷаҳонӣ оид ба тағйири иқлим дар Дурбан


Имрӯз дар шаҳри Дурбани Африқои ҷанубӣ конфаронси байнулмиллалӣ оид ба тағйири иқлим таҳти спарпарастии СММ шурӯъ шуд. Дар ин нишаст тақрибан 20 ҳазор сиёсатмадорон, мансабдорони ҳукуматӣ ва ҳомиёни муҳити зист аз 194 кишвари олам ширкат доранд.

Нишасти Дурбан чун охирин талоши ҳамоҳанг сохтани ӯҳдадориҳои минбаъда оид ба коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо баъд аз хатми мӯҳлати созишҳои дарҷшуда дар протоколи Киото арзёбӣ мешавад.

Русия, Ҷопон ва Канада изҳор намуданд, ки зери созишномаи нав фақат баъд аз ду кишвари бузурги саноатӣ – Чин ва ИМА имзо хоҳад гузошт. Дар ҳамин ҳол кишварҳои дар ҳоли рушд мегӯянд, ки ӯҳдадориҳои бештар оид ба коҳиши газҳои гулхонаӣ бояд бар дӯши кишварҳои сарватманд гузошта шавад.
XS
SM
MD
LG