Пайвандҳои дастрасӣ

Мансабдори украин бо гумони ришваситонӣ боздошт шуд


Додситонии кулли Украина аз додгоҳ хост, ки барои ҳабси раиси Хадамоти давлатии шуғл Владимир Галитский иҷоза диҳад.

Галитский ва се мансабдори ин Хадамот ахиран бо гумони ришватситонӣ ва қонуншиканӣ ҳангоми истифодаи маблағҳои буҷа боздошт шуданд.

Ҳангоми тафтиш аз говсандуқҳои афроди боздоштшуда ба маблағи беш аз 7 миллион доллар пулу ашёи гаронбаҳо ошкор гардид.

Владимир Галитский ҳамчунин раиси Бунёди бимаи иҷтимоии Украина оид ба бекорӣ мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG