Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Миср аввалин баъди суқути Муборак интихобот шурӯъ шуд


Дар интихоботи парлумонии Миср, ки имрӯз шурӯъ шуд, ба гуфтаи коршиносон, аз ҳама бештар гурӯҳҳои исломгаро, аз ҷумла, ҳизби “Ихвон-ул-муслимин”, шонси пирӯзӣ доранд.

Дар марҳалаи аввали интихобот, ки моҳи январ поён меёбад, палатаи поёнии парлумон – Маҷмааи мардумӣ интихоб хоҳад шуд. Интихобот ба палатаи болоии парлумон моҳи март ба охир мерасад.

Маршал Ҳусейн Тантавӣ, раиси Шӯрои олии низомии Миср - раҳбари муваққати кишвар, аз паёмадҳои сангин барои онҳое ҳушдор дод, ки талоши вуруди халал ба раванди интихоботро хоҳанд кард. Ин ҳушдор ба ширкаткунандагони намоишҳои эътирозии оммавист, ки дар бархе шаҳрҳо бо талаби истеъфои ҳукумати низомии Миср аз сар гирифта шуданд.

Ҳамин моҳ дар ҷараёни задухӯрди кормандони полис бо тазоҳургарон дар майдони Таҳрири Қоҳира дасти кам 40 нафар ба ҳалокат расиданд.

Як шаҳрванди Миср, ки худро Шоҳин муаррифӣ кардааст, дар бораи интихоботи парлумонӣ гуфт, "ҳоло мо ҳадди аққал медонем, ки раъйҳоямон қурбе хоҳанд дошт ва ин раъйҳои воқеъиянд, на раъйҳои пешин. Аз ин пеш мо ҳатто агар аз хона берун намешудем, касе ба ҷойи мо раъй медод. Ин ҷо дигар чӣ метавон гуфт?"

Интихоботи феълӣ дар Миср – нахустин баъд аз барканории раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврали соли равон аст.
XS
SM
MD
LG