Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 нафар дар таркише дар Тоҷӣ


Бар асари як ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Тоҷии Ироқ 11 нафар кушта ва дасти кам 15 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Субҳи имрӯз як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори бинои маҳбаси шаҳр тарконид. Миёни қурбониёни ҳамла – кормандони полис ва муҳофизони маҳбас низ ҳатсанд.

Мақомоти тафтишотӣ ҳадс мезананд, ки таркиш бо талоши фирори маҳбусон аз маҳбас бастагӣ дорад.

Шаҳри Тоҷӣ дар 25 километрии шимоли пойтахт - Бағдод ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG