Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов ба Олимпиадаи Лондон-2012 роҳхат гирифтанд.

Ин ду варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қитъавӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон дар риштаи таэквон-до WTF дар пойтахти Тайланд- шаҳри Бангкок ширкат варзида, муваффақ гаштанд.

Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, Фарҳод Неъматов дар рақобатҳо дар вазни 80 килограмм мақоми севум ва Алишер Гулов дар вазни беш аз 80 килограмм мақоми дуввумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон мушарраф шуданд.




Ба ин тартиб то имрӯз чаҳор варзишгари тоҷик соҳибони роҳхатҳои олимпӣ гаштаанд. Ёдовар мешавем, ки нахуст Дилшод Назаров дар риштаи варзиши сабук (гурзандозӣ) ва баъдан Анвар Юнусов дар риштаи бокс ба Олимпиадаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG