Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин -- номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Русия


Владимир Путин, нахуствазири Русия, номзадияш ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишварро пазируфт.

Ёздаҳ ҳазор вакили Анҷумани ҳизби “Русияи воҳид” аз номзадии Владимир Путин, нахуствазири кунунии Русия, ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар ҳимоят карданд.

Оқои Путин дар анҷумани ҳизби “Русияи воҳид” дар шаҳри Маскав гуфт, аз онҳое, ки ӯро номзад пешбарӣ кардаанд, сипосгузор аст. Вай ҳамчунин ба Ғарб ҳушдор дод, ки ба интихботи Русия мудохила накунанд.

“Русия кишвари демократист, ҳамкори мутмаину пешбинишаванда аст ва бо ин кишвар Ғарб метавонад ва бояд забон ёбад, вале ба он наметавонад аз берун чизеро ба сараш бор кунад”,-таъкид кард Владимир Путин.

Дар анҷумани ҳизби “Русияи воҳид” Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури кунунии Русия, зимни суханони худ гуфт: “Владимир Владимирович Путин - номзад ба мақомаи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳар ҳолат машҳуртарин, ботаҷрибатарин номзад ва муваффақтарин сиёсатмадор дар Русияи кунунист.”



Бештари вакилони Анҷумани ҳизби “Русияи воҳид” низ дар суханрониҳои худ аз номзадии Владимир Путин пуштибонӣ карданд. Раиси Думаи давлатии Русия Борис Гризлов ҳам гуфт, мухолифон тавони дар ихтиёр гирифтани қудратро надоранд ва аз мақомот танҳои барои “намоиши корҳои худ” танқид мекунанд.

Ҳамин тариқ, ҳизби “Русияи воҳид” яке аз нахустин аҳзоби сиёсии ин кишвар аст, ки расман номзади худ ба мақомти раёсати ҷумҳури ин кишварро пешниҳод кардааст. Қарор аст, интихоботи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи чаҳоруми марти соли оянда баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG