Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Саидмӯъмин Раҳимов ба анҷом расид.

Ин мусобиқа дар маҷмааи варзишии маҳаллаи “Моҳи нав”-и шаҳри Душанбе рӯзҳои 26-27-уми ноябр баргузор шуд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни гуштии самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федератсиюни самбои Осиёи Марказӣ, ба «Озодӣ» гуфт: «Дуввумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Саидмӯъмин Раҳимов бо тасмими Федератсиюни байналмилалии самбои ҳаваскорӣ (FIAS) барпо гардид. Дар ин мусобиқа ҳудуди 150 паҳлавон аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон ва 3 нафар аз Қазоқистон ширкат карданд. Бояд гуфт, ки ба ин мусобиқа, инчунин, паҳлавонони Афғонистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Эрон даъват шуда буданд, вале онҳо ба Душанбе наомаданд.»

Ба иттилои ҷаноби Абдуллоҳ дар рақобатҳо мувофиқи вазни худ инҳо ғолибони мусобиқа шуданд: Акмалиддин Каримов (Душанбе, 52 кг), Хушқадам Хисравов (ВМКБ, 57 кг ), Миралӣ Муҳибуллоев (Хатлон, 62 кг), Мустафо Ҳасанов (Душанбе, 68 кг ), Нусрат Имомов (Хатлон, 74 кг), Зайналобиддини Аъзам (Хатлон, 82 кг), Ҷумъахон Назриев (Хатлон, 90 кг), Фирдавс Орифов (Душанбе, 100 кг), Зиёратшо Баротов (Душанбе, +100 кг).

Ғолибони мусобиқа ва гуштигироне, ки ҷойҳои дуввуму севумро соҳиб шуданд, бо медалу дипломҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсиюни самбои кишвар сарфароз гаштанд.

Азбаски Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Мински Беларус дар вазни то 100 килограмм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар ин вазн Фирдавс Орифов, ҳамчунин, бо Ҷоми ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон мукофотонида шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG