Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Украина шаҳраки хаймаиро пароканда кард


Хаймаҳои ширкаткунандагони ҳодисаи Чернобил

Хаймаҳои ширкаткунандагони ҳодисаи Чернобил

Бино ба гузоришҳо, дар шарқи Украина дар ҷараёни пароканда сохтани шаҳраки хаймаии тазоҳуркунандагон, ки тақрибан аз 30 нафар иборат буданд, яке аз онҳо ҷон додааст. Онҳо бозмондагони фоҷеаи ҳастаии Чернобил мебошанд, ки аз 14 ноябр то ҳол дар Донетск гуруснанишинӣ эълон кардаанд. Эътирози онҳо ин аст, ки ҳукумат нафақаи давлатии онҳоро коҳиш додааст. Ҳафтаи гузашта додгоҳ эътисоби онҳоро ғайриқонунӣ эълон кард ва шоми дирӯз, 27 ноябр полис ба шаҳраки хаймаии онҳо ҳамла бурд ва онҳоро пароканда какрд. Дар ҷараёни ин амалиёт Николай Гончарови 68 сола бемор шудааст ва дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.
XS
SM
MD
LG