Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дирӯз хонум Юлия Тимошенко дар зиндон 51 сола шуд


Дирӯз ҳудуди 3 ҳазор нафар ҷонибдорони Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва раҳбари зиндонии мухолифони давлати Украина дар назди бинои зиндон консерт баргузор карданд. Хонум Тимошенко ҳоло дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад ва вай дирӯз 51 сола шуд. Дар ин ҳамоиш ширкаткунандагон гулҳо ва кортҳои табрикиро дар деворҳои зиндон овезон карданд. Нина Матвиенко-овозхони машҳури Украина яке аз ҳунармадоне буд, ки дар ин ҳамиош таронаеро иҷро кард. Тимошекнко барои суистифода аз мақом барои 7 сол маҳкум ба зиндон шудааст. Вай ва ҷонибдоронаш ин ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG