Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Миср интихоботи порламонӣ баргузор мешавад


Имрӯз мардуми Миср пои сандуқҳои рай мераванд ва баъд аз сарнагунии режими Ҳуснӣ Муборак бори аввал барои порламони нави худ рай медиҳанд. Маршал Ҳусейн Тантовӣ -фармондеҳи артиши Миср гуфт, ки имрӯз ба “нооромкунандагон” иҷоза нахоҳад дод, ки дар ҷараёни райдиҳӣ мудохила кунанд. Вай ҳушдор дод, ки агар Миср бӯҳрони кунуниро натвонад паси сар кунад, дар он сурат ин кишварро “пайомадҳои маргбор” мунтазир хоҳад буд. Маршал Ҳусейн Тантовӣ -раҳбари низомии Миср дар ҳоле ин суханонро изҳор дошт, ки ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон ба нишонаи эътироз дар майдони Таҳрири Қоҳира гиридиҳам омада буданд.
XS
SM
MD
LG