Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар саросари Тоҷикистон то нимаи дуввуми рӯз бориш дар назар дошта шудааст.

Дар Душанбеву Хуҷанд ҳаво рӯзона 5-9 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи аввали рӯз бориши борон пешбинӣ шудааст. Шабона борон намеборад, вале ҳарорат поин меравад ва 1 то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар водии Вахш ва дар минтақаи Кӯлоб дар нимаи аввали рӯз борон қатъ мешавад. Рӯзона ҳаво дар Қурғонтеппа 6-10 дараҷа, шабона 4-6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар Кӯлоб рӯзона 7-11, шабона 4-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар Бадахшон дар ғарби вилоят дар нимаи аввали рӯз барф ва дар нимаи дуввум чанд соат барф ба борон табдил меёбад, сипас бориш қатъ мегардад. Рӯзона 3-6 дараҷа гарм, шабона 4-7 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар ғарби вилот бориши барф дар нимаи дуввуми рӯз қатъ хоҳад шуд. Рӯзона 4-1, шабона 9-15 дараҷа хунук мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG