Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон бо Амрико аз "хашми амиқ"-и худ ҳарф зад


Вазири умури хориҷии Покистон Ҳино Раббонӣ Кар дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба «ҳисси амиқи хашм»-и Покистон таъкид кард, ки аз ҳалокати сарбозонаш дар ҳамлаи фаромарзии ҳавоии НАТО маншаъ гирифтааст. Гуфта мешавад, дар ин зарба ба камияш 24 сарбози покистонӣ кушта ва 13 тани дигар захмӣ шудаанд. Намояндаи Покистон, бино бар хабарҳо, ба Клинтон гуфтааст, ҳамла баёнгари «беэътиноии комил ба қонунҳои байнулмилалӣ ва ҳаёти инсонҳо ва нақзи истиқлолияти Покистон буда, Покистонро маҷбур мекунад, шароити ҳамкориро бознигарӣ кунад.» Исломобод аллакай ба нишони эътироз ҳаракат дар роҳҳои икмолотии нерӯҳои таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳидаро қатъ кардааст.
XS
SM
MD
LG