Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи порлумонии коҳиши равобити Эрон бо Бритониё


Порлумони Эрон тарҳи коҳиши равобити дипломатӣ ва иқтисодии ин кишвар бо Бритониёро ба тасвиб расонд. Ин тарҳ дар посух ба тасмим Бритониё дар афзоиши таҳримҳои зидди Эрон ба миён омад. Пас аз қатъномаи ахири Бунгоҳи ҳастаии Созмони Милал бо хулосаи ин ки Теҳрон бархе аз озмоишҳои марбут ба тасҳлиҳот баргузор кардааст, Бритониё ва Канада Эронро ҳадафи таҳримҳои нав қарор доданд. Теҳрон пойфишорӣ дорад, ки барномаи ҳастаии он комилан осоишта аст. Тарҳи тасвибшударо ҳоло бояд Шӯрои нигаҳбони Эрон тасдиқ кунад.
XS
SM
MD
LG