Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти мухолифони ихроҷи тоҷикон дар Маскав


Полиси Маскав панҷ нафар аз ширкаткунандагони як тазоҳуроти зидди ихроҷи муҳоҷирони тоҷикро боздошт кардааст. Онҳо дар либоси бинокорону кӯчарӯбон бо шиорҳои “Ман тоҷикам -- маро депорт кунед” дар назди Хадамоти муҳоҷирати Русия ҷамъ омаданд. Гуфта мешавад, онҳо асосан намояндагони аҳзобу гурӯҳҳои дастичапӣ ба пайравони тамоюлоти анархистӣ будаанд. Полис замоне ба боздошти тазоҳуркунандагон даст зад, ки онҳо ба рӯфтани кӯчаву раҳрав ва шустани шишаи тирезаҳои Хадамоти федероли муҳоҷират пардохтанд. Боздоштшудагон ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Басманное интиқол дода шуданд. Дар ин ҷо онҳо барои баргузории тазоҳурот бидуни ризоияти мақомоти давлатӣ огаҳӣ гирифтанд ва озод шуданд. Қарор аст, иқдоми онҳо дар додгоҳ муҳокима шавад.
XS
SM
MD
LG