Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Онишенко ин бор тоҷиконро якҷо бо франсузҳо танқид кард


Сарпизишки беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко бори дигар изҳор дошт, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ бемориҳои сирояткунандаро аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд. Дар Шӯрои тиббии Бошқирдистон, Онишенко аз ҷумла гуфт, тоҷикони гирифтори полиомелит дар ватани худ кӯмаки тиббӣ надида, дар Русия мавриди муолиҷа қарор ёфтаанд. Вай ҳамзамон Фаронсаро айбдор кард, ки бемории сурхаконро ба Русия интиқол додааст. Аммо ин бор, сарпизишки беҳдоштии Русия, ҳарчанд ба ҳалокати 400 000 нафар дар Русия аз бемории СПИД ишора кард, аз муҳоҷирони тоҷик ном набурд. Дар айни авҷи бӯҳрони равобити Русия ва Тоҷикистон дар пайванд ба халабонҳои рус Онишенко пешниҳод карда буд, вуруди тоҷикон ба Русия бо сабабҳои тиббӣ ва густариши бемориҳои силу СПИД дар байни тоҷикон манъ шавад.
XS
SM
MD
LG