Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Кохи Сафед ба ҳалокати сарбозони покистонӣ


Кохи Сафед дархости худро ба ҳамкорӣ бо Покистон дар таҳқиқи ҳодисаи зарбаи ҳавоӣ ба посгоҳи ҳарбӣ дар марзи Афғонистон эълом дошт. Гуфта мешавад, бар асари ин ҳамлаи НАТО 24 сарбози покистонӣ кушта ва 13 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар изҳороти Кохи Сафед аз ҳалокати ҳарбиёни покистонӣ ва нақзи истиқлолияти он изҳори таассуф шудааст. Исломобод тамоми ҳаракат дар роҳҳои икмолотии нерӯҳои таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳидаро баста, аз Вашингтон хуруҷи пойгоҳи ҳавопаймоҳои бесарнишинашро талаб кардааст. Дар изҳороти Кохи Сафед ба ин ду амали Покистон вокунише нашудааст. НАТО мегӯяд, эҳтимолан ҳавопаймоҳои он ба посгоҳҳо зарба задаанд, вале таҳқиқи воқеа идома дорад.
XS
SM
MD
LG