Пайвандҳои дастрасӣ

Лигаи араб дар пайи таҳримҳои нави зидди Сурия


Вазирони умури хориҷии Лигаи араб имрӯз қарор аст, тарҳи таҳримҳои нави зидди Сурияро ба тасвиб расонанд. Ин тарҳ дар рӯзи шанбе аз тарафи вазирони молияи кишварҳои узв омода гардид ва бино бар хабарҳо, чандин риштаи тиҷоратиро ҳадаф гирифта, замоне ба миён омад, ки Димишқ ба нозирони Лигаи араб иҷозаи вуруд ба кишварро надод. Бино бар омори Созмони Милал сар аз шурӯи нооромиҳо дар Сурия дар моҳи марти соли равон зиёда аз 3500 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG