Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши дубораи филми “Истиқлол”. Таблиғ ё дархости бинандаҳо?


Шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ба пахши дубораи филми “20 соли истиқлол” оғоз кардаанд.

Ин филм, ки бештар ба корномаҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ихтисос ёфтааст, дар ҳоле ба намоиш гузошта мешавад, ки равобити Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароида, раҳбарони бархе аз аҳзобу расонаҳо ба тағйири тими кории раисиҷумҳур даъват кардаанд.

Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як нишасти хабарии худ, ки пиромуни равобити Душанбеву Маскав сӯҳбат мекард, гуфт, “дигар бо ин тағйироти косметикӣ намешавад масъаларо ҳал кард ва президент бояд дар фикри тағйири командааш бошад.”

Бо ишора ба ин, бархе аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, мақомот бо намоиши ин филм мехоҳанд, ки назари мардумро “тағйир” бидиҳанд ва бештар аз хубиҳо бигӯянд. Ҳарчанд мақомот ва масъулони шабакаҳои телевизиони давлатӣ мегӯянд, ки ин филм бо дархости бинандагон дубора пахш мегардад.

Сериали “20 соли истиқлол”, ки аз 28 бахш иборат аст, нахустин бор дар моҳи августи соли ҷорӣ аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Дар навори зер: Назари бинандагон ба филми "20 соли истиқлол". Моҳи августи соли 2011

Назари бинандагон ба филми "Истиқлол"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00
Линки мустақим

Муаллифони филм бо васли наворҳои таърихии солҳои гуногун роҳи ноҳамвор ва душвори кишварро аз замони эълони истиқлолияташ аз Иттиҳоди Шӯравӣ то имрӯз бозтоб додаанд. Дар ҳоле ки онҳо қисман ба ин ҳадаф расидаанд, бардошти бинандагон аз филм мухталиф аст.

Бинандагони насли миёна ва калонсол, ки бахшҳои ин филмро дунбол кардаанд, мегӯянд, рӯйдодҳои мамлакат ба таври воқеъбинона инъикос ёфтаанд ва донистани ин таърих барои насли ҷавон муҳим аст, намояндагони насли ҷавон, ки табъан, аз манобеи гуногуни иттилоотӣ истифода мекунанд, норозиянд, ки дар филми бахшида ба таърихи ватанашон тамоми дастовардҳои як кишвар ба як шахс пайванд дода мешавад.
XS
SM
MD
LG