Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО мегӯяд, мумкин сабаби ҳалокати сарбозон шудааст


Сухангӯи нерӯҳои таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон тасдиқ кард, ҳавопаймои НАТО, ки барои кӯмак аз ҳаво ба маҳалли наздикии марзи Покистон даъват шуд, мумкин астмасъули ҳалокати сарбозони покистонӣ бошад. Мақомоти покистонӣ гуфтаанд, дар зарбаи ҳавоӣ ба як посгоҳи ҳарбии Покистон дар минтақаи қабилаи Муманд дар вилояти Хайбар 26 сарбоз кушта ва теъдоде маҷрӯҳ шудаанд. Исломобод ин амалро шадидан маҳкум кард ва ба нишони эътироз ҳаракати корвонҳои икмолотии НАТО-ро дар қаламраваш қатъ намуд.
XS
SM
MD
LG