Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи нерӯҳои таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон, генерал Ҷон Аллен мегӯяд, ба хонаводаи сарбозони покистонӣ, ки мумкин аст, дар як тасодуф дар марзи Афғонистону Покистон кушта шудаанд, изҳори ҳамдардӣ мекунад. Паймони НАТО гуфтааст, дар пайи таҳқиқи ҳодисаест, ки ба гуфтаи мақомоти покистонӣ дар он 26 сарбоз дар як посгоҳи ҳарбии Покистон кушта шудаанд. Pаиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Покистон, генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ талаб кардааст, ки масъулони ин «таҷовуз» ҳадафи иқдоми қавӣ ва фаврӣ қарор бигиранд. Ҳукумати Покистон гуфтааст, ҳаракати мошинҳои НАТО-ро дар қаламраваш қатъ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG