Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси халабонҳо дар Тоҷикистон фурӯкаш кард, аммо акнун баҳси дигаре дар ҳоли доғ шудан аст.

Ин баҳси пойгоҳҳои низомист. Амрико дар ҳоле изҳор дошт, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар мавриди сохтани пойгоҳи низомии НАТО музокира сурат нагирифтааст, ки пойгоҳи 201 Русия аз баргузории машқи низомие ҳамзамон дар се шаҳри Тоҷикистон хабар додааст.

Низомиёни русӣ гуфтаанд, ки ривояти размоиши онҳо хунсо кардани ҳамлаи гурӯҳи террористӣ дар рӯзи интихобот будааст. Ҳар чӣ ҳаст, ин хабарҳо боиси эҷоди навъе гуфтумон дар ҷомеъаи Тҷоикистон шудааст.

Сокинони Тоҷикистон, ё ҳадди аққал қисми аъзаме аз онҳо аз ҳузури нерӯҳои низомии хориҷӣ хотираи хуше надоранд. Зеро муътақиданд, ки нерӯҳои русӣ дар ҷанги дохилии Тоҷикистон мудохила доштанд. Ва ахиран ба ширкатдорони низоъи Тоҷикистон додани имтиёз аз сӯи давлати Русия, ин иддаоро ба сурати мустақим таъйид мекунад. Ҳоло, ки баҳси пойгоҳи як абарқудрати дигар матраҳ шудааст, суоле, ки халқ мешавад ин аст, ки ин пойгоҳҳо ба амнияти Тоҷикистон бештар кӯмак мекунанд ва ё метавонанд, манбаи хатар ҳам воқеъ шаванд? Ва суоли дигар ин аст, ки чаро ин баҳс акнун матраҳ мешавад?

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки замоне пойгоҳи 201 Русия дар воқеъ барои таъмини субот ва амният муҳим буд. Аммо феълан гуфта намешавад, ки пойгоҳи низомӣ метавонад омили субот бошад: «Пойгоҳи низомӣ ҳамеша омили бесуботӣ будааст. Пойгоҳи низомӣ дар куҷое бошад, пас он ҷо ҳавзаи манфиатҳои хос ва бесуботист. Бинобар ин намешавад гуфт, ки пойгоҳи низомӣ омили субот аст. Тоҷикистон замоне ба ҳузури пойгоҳи низомии хориҷӣ ниёз дошт, аммо акнун возеҳан ба пойгоҳи ягон кишвари хориҷӣ ниёз надорад. Аммо марказҳои ироаи хадамоти низомӣ барои икмолоти нерӯҳои мусаллаҳ бо таваҷҷӯҳ ба мавқеъияти тронзитии Тоҷикистон зарур ҳастанд. Аз ин хотир, набояд замони ҳузури пойгоҳи 201 ба сурати ҳузури нерӯҳои мусаллаҳ тамдид шавад. Балки бо Русия бояд ба тавофуқ расид дар мавриди ба иҷро додани фурудгоҳҳо ва анборҳои муҳимоти низомӣ. Амрико ва ҳар кишвари дигаре ҳам инчунин бигузор марказҳои муваққатии икмолотӣ дошта бошанд, ки нерӯҳои худро таъмин кунанд. Аммо на пойгоҳи низомӣ ва на барои дарозмуддат.»




Ба назари таҳлилгарон, баргузории машқҳои низомӣ дар пойгоҳи 201 шояд ба он манзур низ бошад, ки низомиёни русӣ мехоҳад ҳузури худро тавҷеҳ кунанд. Ва таъйид кунанд, ки ин пойгоҳ як омили субот ва имкони амалии дифоъ аз Тоҷикистон аст.

Мусо Асозода, таҳлилгари тоҷик

Мусо Асозода, таҳлилгари тоҷик

Аммо Мусо Асозода, таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд, ки дар воқеъ ҳар пойгоҳи низомии хориҷӣ навъе хатар низ дорад. Аммо дар сурати кунунӣ манфиати пойгоҳи 201 барои Тоҷикистон бештар аст. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ба ҳузури ин пойгоҳ ниёзи воқеъӣ дорад: «Бар асоси шартномае, ки бо Русия вуҷуд дорад, будани ин пойгоҳ аз набуданаш барои Тоҷикистон беҳтар аст. Махсусан дар сурати имкони таҳдидоти берунӣ.»

Аммо Амнияти Абдулназар, сиёсатшиноси тоҷик ба ин бовар аст, ки сабаби доғ шудани баҳси пойгоҳ акнун дар он аст, ки бояд ба зудӣ ҳайатҳо ба музокира ба манзури сарнавишти пойгоҳи 201 шуруъ кунанд. Зеро муҳлати ҳузури ин пойгоҳ то як соли дигар ба поён мерасад. Ва Русия на танҳо мехоҳад пойгоҳаш боқӣ бимонад, балки мехоҳад, барои ҳузури он пардохт низ накунад.

Агарчанд пештар раиси ҷумҳури Русия эълон карда буд, ки ду ҷониб барои 49 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи 201 мувофиқа кардаанд, аммо изҳори назари яке мақомоти олирутбаи Русия, ки зимни қазияи халабонҳо гуфт, «мо ҳоло нагуфтем, ки аз пойгоҳи 201 то Қасри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ дақиқа роҳ аст», шояд ба раҳбарияти Тоҷикистон сабақ дода бошад, ки ба эҳтиёти бештар ба масъалаи музокира барои мондани пойгоҳи 201 Русия муносибат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG