Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ мегӯяд, таҳрими Сурия номумкин аст


Ҳушёр Зебарӣ
Ҳушёр Зебарӣ
Вазири умури хориҷии Ироқ, Ҳушёр Зебарӣ мегӯяд, ба иллати равобити тиҷоратияш бо Ироқ ва ҳузури теъдоди бузурги паноҳандагони ироқӣ дар Сурия, Бағдод наметавонад, зидди Сурия таҳрим эълон кунад. Зебарӣ ин нуктаро дар нишасти хабарӣ дар Наҷаф дар ҳоле эълом дошт, ки вазирони молияи кишварҳои араб дар Қоҳира тарҳи навро баррасӣ мекарданд. Аммо рӯшан нест, Ироқ эъмоли таҳримҳоро рад хоҳад кард ё ба ин иқдоми мамолики араб ҳамроҳ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG