Пайвандҳои дастрасӣ

Баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Афғонистон


Бо талошҳои муштараки Барномаи рушди Созмони Милал, ҳукумати вилояти Хатлон ва анҷумани миллии бозоршиносону мудирони Тоҷикистон ва сармоягузории ҳукумати Ҷопон дар ноҳияи Қумсангир форуми соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон баргузор гашт. Хабаргузории Азия-Плюс мегӯяд, дар ин маҳфил соҳибкорони сатҳ ва густураҳои мухталиф гирди ҳам омада, роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии байни ду кишварро баррасӣ ва тарҳҳои мушаххасро роҳандозӣ мекунанд. Тарҳи мазкур дар шаш ноҳия ва ду вилояти наздимарзии Тоҷикистону Афғонистонро фаро мегирад.
XS
SM
MD
LG