Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз хабари телевизиони давлатии Покистон дар бораи ҳалокати 25 сарбози покистонӣ бар асари ҳамлаи НАТО, Исломобод интиқоли маводи НАТО ба Афғонистонро қатъ кард. Мутаҳир Ҳусайн, намояндаи аршади вилояти қабиланишини Хайбар ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, корвонҳои икмолотии НАТО бо дастури ҳукумати федерол боздошт шудаанд. Мақомоти покистонӣ пештар гуфтанд, зимни ҳамлаи чархболҳо ба посгоҳи марзӣ дар минтақаи қабилаи Муҳманд 8 сарбоз кушта шудаанд. НАТО мегӯяд, дар пайи таҳқиқи воқеа аст. Сухангӯи Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳанӯз тамоми ҷузъиёти ҳодиса рӯшан нашудааст. Чархболҳои Иёлоти Муттаҳида соли гузашта иштибоҳан ду сарбози покистониро дар наздикии марзи Афғонистон ба ҳалокат расонда буданд. Он вақт Покистон муваққатан марзи худро баст ва ба интиқоли маводи НАТО ба Афғонистон монеа гузошт.
XS
SM
MD
LG