Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишҳои эътирозии пуриздиҳом дар Миср дар арафаи нахустин интихоботи озоди порлумонии ин кишвар идома доранд. Фаъолони сиёсӣ шабро дар майдони Таҳрири Қоҳира саҳар карданд ва талаб доранд, ҳукумати низомии кишвар ба истеъфо равад. Дар нооромиҳои нав дар Миср 41 нафар кушта шудаанд, аммо мақомоти ҳарбӣ аломате ба ақибнишинӣ нишон намедиҳанд. Дар иваз онҳо ваъда доданд, ки интихоботи ояндаи президентиро дар нимаҳои соли 2012 баргузор хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG