Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари ҳамлаи чархболҳои паймони НАТО 24 низомии покистонӣ кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд.

Сухангӯи нерӯҳои таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон тасдиқ кард, ҳавопаймои НАТО, ки барои кӯмак аз ҳаво ба маҳалли наздикии марзи Покистон даъват шуд, мумкин аст, масъули ҳалокати сарбозони покистонӣ бошад. Мақомоти покистонӣ гуфтаанд, дар зарбаи ҳавоӣ ба як посгоҳи ҳарбии Покистон дар минтақаи қабилаи Муманд дар вилояти Хайбар 24 сарбоз кушта ва 13 тани дигар захмӣ шудаанд.

Мутаҳайир Ҳусайн, намояндаи аршади вилояти қабиланишини Хайбар ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, мо ҳаракати мошинҳои НАТО-ро қатъ кардем, зеро аз ҳукумати федерол, аз Исломбод чунин дастур гирифтем.

Дар изҳороти Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба нақл аз фармондеҳи қувваҳои эътилофӣ, генерал Ҷон Аллен гуфта мешавад, воқеа мавриди диққати ҷиддии ӯ қарор ёфтааст ва дақиқан пажӯҳиш хоҳад шуд. Вай инчунин дар робита ба марги сарбозон изҳори таассуф ва ба наздикони онҳо ҳамдардӣ баён кардааст.

Манобеъе дар минтақаи Муманд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маъмурони амниятӣ дар ҷустуҷӯи бархе аз сарбозони гумшудаанд. Яке аз сарони минтақа, Одил Сидиқ мегӯяд, шумори зиёди нерӯҳо дар ин минтақа мустақар буданд, то бо толибҳо биҷанганд. Раҳбарии қабилаи байзоӣ, Малик Султон гуфтааст, ҳоло аҳолии маҳаллӣ ба кӯмаки сарбозон омадаанд ва захмиёнро аз ин минтақаи дурдаст ба бемористон интиқол медиҳанд.

Малик Султон мегӯяд, "ҷое, ки воқеа рӯй дод, Салола Дей бутану ном дорад ва бо вилоятҳои Нангарҳору Кунари Афғонистон ҳаммарз аст. Аҳли қабила дар амалиёти наҷот ва кӯмак ширкат меунад. Ҳамла наздикиҳои нимишабӣ иттифоқ афтодааст. Аз афроди мулкӣ касе осеб надидааст. Танҳо посгоҳи ҳарбии покистониҳо дар марз ҳадаф қарор ёфтааст.”

Ин воқеа, бешубҳа, ба равобити бе ин ҳам ноҳамвори Вашингтон ва Исломобод, ки пас аз рейди нерӯҳои вижаи амрикоӣ ба Абботобод ва қатли раҳбари ал-Қоида Усома бин Лодин дар моҳи май ба сардӣ гароидаанд, рахнаи нав ворид хоҳад кард.

Сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ бо сахттарин алфоз ҳамлаи НАТО ва Айсаф ба посгоҳи покистониро маҳкум кард. Қарор аст, вазорати умури хориҷии Покистон масъаларо бо НАТО ва ИЁлоти Муттаҳида дар миён гузорад. Ҳарчанд ин нохуштарин рӯйдоди байни ду кишвар аст, дар охири сентябри соли 2009 низ дар айни чунин ҳодисаи ҳамлаи ҳавоии НАТО ду сарбози покистонӣ кушта шуданд ва Исломобод ҳаракати корвонҳои НАТО-ро дар қаламраваш 10 рӯз қатъ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG