Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониии Аврупо аз озодии матбуот дар Туркия


Имрӯз Йержӣ Бузек-раиси порламони Аврупо аз мақомоти Туркия интиқод кард, ки онҳо ба озодии матбуот фишор меоранд. Ба гуфтаи оқои Бузек, ҳабси шуморе аз рӯзноманигорон дар ин кишвар нигарониҳоро ба бор овардааст. Бузек ин нуктаро баъд аз ду рӯзи музокироташ бо мақомоти Туркия ва созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар изҳор доштааст. Вай гуфт, “ба зиндон андохтани шумораи зиёди рӯзноманигорон вазъе нест, ки бо кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо муқоиса намоӣ... Ин вазъи комилан ғайримаъмулист”. Ҳабси ахири рӯзноманигорон ва маҳдудияти интернет нигарониҳоро дар бораи озодии матбуот ва озодии баён дар Туркия ба бор овардааст.
XS
SM
MD
LG