Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср боз "меҷӯшад". Аз беэътимодӣ, эътироз ва тақозо


Майдони Таҳрири Қоҳира
Майдони Таҳрири Қоҳира

Эътирозгарон аз низомиёни мисрӣ талаб доранд, ки зимоми қудратро ба дасти ғайринизомиён бидиҳанд.

Бо вуҷуди он ки Камол Ҷанзурӣ ба курсии сарвазирӣ даъват шуд, ҳанӯз ҳам мардуми зиёде дар майдони "Таҳрир"-и Қоҳира ҷамъ омада, норозигии худро аз ҳукумати низомиён баён медоранд.

Онҳо мегӯянд, сарвазири 78-сола Камол Ҷанзурӣ, ки дар оғози солҳои 1990, дар замони Ҳуснӣ Муборак, низ се сол сарвазири Миср буд, ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҷавонони мамлакат намояндагӣ карда наметавонад.

Норозиён бар инанд, ки дигар наметавонанд ба манёврҳои ҳарбиён бовар кунанд ва бояд як ҳукумати муваққати ғайринизомӣ то баргузории интихоботи июни соли 2012 кишварро идора намояд. Ин дар ҳоле аст, ки Шӯрои низомии Миср ба Камол Ҷанзурӣ гуфтааст, ӯ таҳти итоати шӯро амал хоҳад кард ва дар аввалин фурсати сарпечӣ аз мақомаш барканор хоҳад шуд.

Ҷанзурӣ, ки таҳсилкардаи Амрикост, дар солҳои 1996 то 1999 сарвазир буд, аммо баъд аз барканорияш аз режими Муборак фосила гирифт ва аз мунаққидони ҳукумат ба шумор мерафт. Шӯрои низомӣ дар ҳоле ӯро ба ин мақом таъйин кард, ки пас аз хушунатҳо дар чанд шаҳри Миср ва ҳалокати тазоҳуркунандагон сарвазири пешин Исом Шараф аз мақомаш истеъфо дод.

Даргириҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

Бархе аз тазоҳуркунандагон парчамҳои Мисрро дар даст доштанд ва бархеи дигар шиори онро, ки мардум ҳукумати мулкӣ мехоҳанд, на ҳарбӣ. Яке аз майдоннишинон бо номи Муҳаммад ал-Ашрӣ мегӯяд, "мехоҳам аз нерӯҳои сиёсӣ, ки моро дилсард карданд, бипурсам: оё Шумо ҳаёти моро барои қудрат ба фурӯш гузоштаед?"

Вазорати беҳдошти Миср мегӯяд, дар ин нооромиҳо 41 нафар кушта шудаанд, ки 36 нафари онҳо дар майдони Таҳрир ба ҳалокат расидаанд. Шӯрои низомӣ дар робита ба марги мӯътаризон узрхоҳӣ кард ва ба хонаводаи қурбониён кӯмак фиристод, аммо тазоҳуркунандагон дар майдони Таҳрир сангарҳо бино карда ва тасмим гирифтанд, ки гирдиҳамоиро то расидан ба аҳдофи хеш идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG