Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирон боз дар чанголи барфу тарма мондаанд


Ағбаи Шаҳристон
Ағбаи Шаҳристон
Дар натиҷаи бориши барфи зиёд дар гарданаи Шаҳристон роҳи автомобилрави Душанбе-Хуҷанд баста шудааст ва мошинҳои зиёди борбар ва мусофирбар дар қисмати шимолии ин гардана дар ҷанголи барфу тарма ва сардӣ мондаанд. Восеъ-яке аз ронандаҳо бо радиои Озодӣ тамос гирифт ва гуфт:

“Мо як ҳафта боз дар ҳамин ҷо истодаем. Мошини боркаш ҳам ҳаст, мусофиркаш ҳам ҳаст. Ҳамааш ҳаст”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, баъзе аз мусофирон бештар аз ду ҳафта дар роҳ банд мондаанд. Дар миёни онҳо ҳоҷиёни бозгашта аз зиёрати Макка ва муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд, ки аз Русия ба хона бармегарданд. Пирону занон ва ноболиғон низ кам нестанд.
XS
SM
MD
LG