Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи Араб: Сурия мӯҳлати ниҳоиро аз даст медиҳад


Ҷомеаи Араб мегӯяд, ки имрӯз Сурия зарбулаҷал дар бораи мӯҳлати иҷозаи вуруди нозирон ба кишварашро аз даст дод. Бо вуҷуди ин, созмони мазкур гуфт, ки то поёни рӯз ба Сурия имкон медиҳад, то посухи ниҳоиро бигӯяд. Пештар Ҷомеаи Араб гуфта буд, ки агар Сурия ба нозирон иҷозаи вуруд надиҳад, 26 ноябр ин созмон имкони ҷорӣ кардани таҳрим бар зидди Сурияро баррасӣ мекунад. Ба ин таҳримҳо қатъи тиҷорат бо Сурия дар назар гирифта шудааст. Нозирон бояд бубинанд, ки нақшаи сулҳи пешниҳодии Ҷомеаи Араб дар Сурия барои қатъи хушунатҳо иҷро мешавад ё хайр. Аммо хабаргузории давлатии Сурия бо номи SANA гуфт, Ҷомеаи Араб ба “асбоби мудохилаи хориҷӣ” табдил шудааст ва ин созмони дорои 22 кишвари узв дастури Ғарбро иҷро мекунад, то дар минтақа нооромиро ангезиш диҳад.
XS
SM
MD
LG