Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди роҳи оҳани Узбакистон ба ҷониби Тоҷикистон


Бино ба иттилои хабаргузории CA-NEWS, “Узбекистон темир йуллари" ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, молу колои худро, ки дар роҳи оҳани қаламрави Узбакистон ҷамъ шудааст, аз нуқтаи байнидавлатии васли роҳҳои оҳан дар Қудуқлӣ бигирад. Ин манбаъ иддао дорад, ки дар натиҷаи инфиҷор ва тахриби пул ҳаракати қаторҳо дар қисмати роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг қатъ шудааст. Қаторҳои молу колои Тоҷикистон барои вилояти Хатлон аз ин роҳ мегузаранд. “Узбекистон темир йуллари" гуфтааст, ҳоло дар қаламрави Узбакистон бештар аз 300 вагон бори Тоҷикистон ҷамъ шудааст ва таҷаммуи ин миқдор вагон фаъолияти роҳи оҳани Узбакистонро халалдор мекунад.
XS
SM
MD
LG