Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешков: Доду гирифти Садовничий бо Ҳукумов матраҳ нашудааст


Сафири пешини Русия дар Тоҷикистон
Сафири пешини Русия дар Тоҷикистон
Бино ба хабари “Интерфакс”-и Русия вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ақидаҳо дар бораи иваз кардани Владимир Садовничий-халабони рус бо Рустам Ҳукумов-шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои 9,5 соли зиндон дар Русия маҳкум шудааст, рад кард. Максим Пешков-раиси дафтари вазорат дар умури кишварҳои ҳамсуд ё СНГ гуфтааст, дар бораи чунин доду гирифт ба вазорат пешниҳоде нарасидааст. Пешков ҳамчунин гуфтааст, ки дар бораи раҳоии Рустам Ҳукумов аз зиндон хабаре дар ихтиёр надорад.
XS
SM
MD
LG