Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти байналмиллалии самбо дар Душанбе


26-27 ноябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии самбо барои дарёфти ҷоизаи Саидмӯъмин Раҳимов баргузор мешавад. Ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсиюни самбои кишвар ва бо тасмими Федератсиюни байналмилалии самбои ҳаваскорӣ (FIAS) бори дуввум дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа, ки дар муҷтамаи нави варзишии “Моҳи нав”-и Душанбе барпо мегардад, беш аз 120 паҳлавон аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон ва гуштигирон аз Қазоқистон ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG